Толибон изҳор доштанд, ки шумори нашъамандон дар Афғонистон 3,5 млн нафарро ташкил медиҳад

Шумори нашъамандон дар Афғонистон ҳудуди 3,5 млн нафарро ташкил медиҳад, ки ба 9% аз аҳолии 39 миллионнафараи кишвар баробар аст. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии афғонии TOLOnews иттилоъ медиҳад, ки дар ин бора муовини вазири тандурустии “Толибон” Абду Барӣ Умар изҳори назар кардааст. “3,5 млн нафар дар кишвар нашъаманданд. Ҳар кадоме аз онҳо […]

Шумори нашъамандон дар Афғонистон ҳудуди 3,5 млн нафарро ташкил медиҳад, ки ба 9% аз аҳолии 39 миллионнафараи кишвар баробар аст. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии афғонии TOLOnews иттилоъ медиҳад, ки дар ин бора муовини вазири тандурустии “Толибон” Абду Барӣ Умар изҳори назар кардааст.

“3,5 млн нафар дар кишвар нашъаманданд. Ҳар кадоме аз онҳо ҳамарӯза ба маблағи наздики 3 доллар маводи мухаддир истеъмол мекунад”, – гуфтааст ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки  толибон ба фиристодани нашъамандон ба марказҳои тиббии Кобул барои табобати маҷбурӣ шурӯъ кардаанд.

Онҳо зери пулҳои соҳили дарёи Кобул, ки нашъамандон онҷо ҷамъ меоянд, рейдҳо гузаронида, онҳоро ба муддати 45 рӯз барои безараргардонӣ ва поккори организмашон ба дармонгоҳҳо мефиристанд.

Сафи нашъмандон дар Афғонистон сол то сол дар ҳоли афзоиш аст. Ба ин тариқ, соли 2018 дар кишвар ҳудуди 3 млн нафар истеъмолгарони маводи мухаддир сабт шуда буд, ки зиёда аз 1 млн нафарашон занону кӯдакон буданд. Ин шумор дар муқоиса бо соли 2010 се баробар афзудааст.

Бино ба маълумоти СММ, соли 2020 майдони замине, ки барои кишти кӯкнор дар Афғонистон истифода мешавад, нисбат ба соли гузашта 37% афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 85%-и истеҳсоли афюн дар миқёси ҷаҳон ба Афғонистон рост омада, 6-11%-и ММД-и ин кишварро истеҳсоли маводи мухаддир ташкил медод.

Давоми солҳои 1996-2001, дар давраи аввали ҳукмронии Толибон, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир манбаи асосии даромади онҳо буд ва қариб комилан таҳти назорати тундгароҳо қарор дошт, ҳарчанд онҳо Комиссияи олии назорати маводи мухаддир таъсис дода буданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.