ВКД оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар Вахшро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилӣ оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро шарҳ дод. Навори видеоии оташ гирифтани  ин арча рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва вокунишҳои корбаронро ба дунбол дошт. Дафтари матбуоти ВКД далели оташ гирифтани ин арчаро оташбозии чанд ноболиғ дар атрофи он гуфтааст.  "3 январи соли 2022, тахминан соати 12:32-дақиқа, […]

Вазорати корҳои дохилӣ оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро шарҳ дод. Навори видеоии оташ гирифтани  ин арча рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва вокунишҳои корбаронро ба дунбол дошт.

Дафтари матбуоти ВКД далели оташ гирифтани ин арчаро оташбозии чанд ноболиғ дар атрофи он гуфтааст. 

"3 январи соли 2022, тахминан соати 12:32-дақиқа, дар вақти бо оташ бозӣ кардани 3 нафар ноболиғ: бародарон Н.М., соли таваллудаш 2010, Н.Т., соли таваллудаш 2012, сокинони деҳаи Озоди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва С.И., соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ дар Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш сӯхтор ба амал омадааст",- овардааст ВКД.

Бояд гуфт, ки баъди нашри видеои оташ гирифтани ин арчаи солинавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе корбарон носанҷида онро кори дасти нафарони бунёдгаро хонданд.

Аммо ВКД мегӯяд, ки сӯхтор сари вақт аз сӯйи кормандони оташнишонии ноҳияи Вахш хомӯш карда шудаааст, вале ин ниҳод зарари расидаро 2 ҳазор сомониро гуфтааст. Ҳамчунин ВКД гуфтааст, ки "дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар зарар надидааст".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.