Сафорати Тоҷикистон вазъи тоҷикони дармонда дар фурудгоҳи Домодедоворо пайгирӣ дорад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба  шаҳрвандони  Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва дармондаанд, мавриди пайгирию назорат қарор додааст.

Тавре дар саҳифаи сафорат дар Facebook хабар дода мешавад, кормандони сафорат вобаста ба масъалаи мазкур  бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави Русмия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа  то 3 январ қисми зиёди ин шаҳрвандон ба  Ватан баргардонида шуданд.

“Масъалаи баргардонидани мусофирони  боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Русия қарор дорад”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия арзёбӣ гардидааст.

Зикр мегардад, ки сафорат  пайваста чунин ҳолатҳоро пайгирӣ намуда, мусоидати хешро  ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ мунтазам анҷом медиҳад.

“Барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин мушкилот, сафорат аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки минбаъд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насабашонро   дар Ватан барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки зиёда аз 40 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки нисбаташон дар бораи ихроҷ аз Русия қарор содир шудааст, шаби Соли навро дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав гузаронидаанд.

Дастурамали зина ба зинаи санҷиши доштан ё надоштани манъи вурудро ба Русия аз маводи мо “Бисанҷ, вурудат ба Русия манъ аст? Дастурамали муфассал” дарёфт карда метавонед.

Дар ин мавод бошад, шумо аз чӣ гуна бекор кардани манъи фуруд огаҳӣ меёбед: “Вурудатон ба Русия манъ аст? Онро метавон бекор кард”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...