Туман нагузошт, ки ҳавопаймо ба Хуҷанд фуруд ояд. Ба Ӯзбекистон раҳсипор шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”, ки аз Нижний Новогород парвоз карда буд, бар асари тумани ғализ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишаста натавонист ва ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ин ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов хабар дод.

“Ҳавопаймо 10 бор гирди шаҳр парвоз нмуда, бар асари тумани ғализ фуруд омада натавонист. Сипас ба ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Он бояд соати 9:08 ба вақти маҳаллӣ фуруд меомад”, – иброз дошт Ҳасанов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо бо 174 нафар мусофир дубора аз Тошканд ба Хуҷанд парвоз кардааст.

“Барои сарфаи вақти мусофирон дар фурудгоҳи Хуҷанд мо аз Тошканд сӯзишворӣ гирифтем. Айни замон ҳавопаймо дар Хуҷанд қарор дошта, мусофиронро қабул ва бозпас ба Нижний Новгород парвоз мекунад”, – зикр кард номбурда.

Тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносони Тоҷикистон, ҳавои боронӣ бо баъзан танаффусҳо дар ҷумҳурӣ то 8 январ идома меёбад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Ба сурати умум, ин рӯзҳо дар кишвар обуҳаво абрнок шуда, дар водиҳои баъзе ноҳияҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ барфи тар меборад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...