Туман нагузошт, ки ҳавопаймо ба Хуҷанд фуруд ояд. Ба Ӯзбекистон раҳсипор шуд

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”, ки аз Нижний Новогород парвоз карда буд, бар асари тумани ғализ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишаста натавонист ва ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ин ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов хабар дод. “Ҳавопаймо 10 бор гирди шаҳр […]

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”, ки аз Нижний Новогород парвоз карда буд, бар асари тумани ғализ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишаста натавонист ва ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ин ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов хабар дод.

“Ҳавопаймо 10 бор гирди шаҳр парвоз нмуда, бар асари тумани ғализ фуруд омада натавонист. Сипас ба ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Он бояд соати 9:08 ба вақти маҳаллӣ фуруд меомад”, – иброз дошт Ҳасанов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо бо 174 нафар мусофир дубора аз Тошканд ба Хуҷанд парвоз кардааст.

“Барои сарфаи вақти мусофирон дар фурудгоҳи Хуҷанд мо аз Тошканд сӯзишворӣ гирифтем. Айни замон ҳавопаймо дар Хуҷанд қарор дошта, мусофиронро қабул ва бозпас ба Нижний Новгород парвоз мекунад”, – зикр кард номбурда.

Тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносони Тоҷикистон, ҳавои боронӣ бо баъзан танаффусҳо дар ҷумҳурӣ то 8 январ идома меёбад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Ба сурати умум, ин рӯзҳо дар кишвар обуҳаво абрнок шуда, дар водиҳои баъзе ноҳияҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ барфи тар меборад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.