КҲФ: Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ барқарор шуда, лекин хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуда, лекин хатари зиёди тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Кумита, аз ҷумла дар қитъаи аз 2 то 27-ум километри роҳи Рашт-Сангвор, ки тариқи қаламрави мавзеи Лаби-Ҷар мегузарад, бар асари боришоти зиёд тармаҳо фаромадаанд.

Барои тозакунии роҳ 5 техникаи хадамоти нигаҳбонии роҳи Вазорати нақлиёт ҷалб шуда, айни замон роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Бар асари фаромадани тармафароиҳо талафоти ҷонӣ ва осеби иншоот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар КҲФ зикр мекунанд, ки дар қитъаҳои бештар осебпазири роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳисоби имдодгарони КҲФ ва кормандони БДА постгоҳҳои навбатдорӣ амал мекунанд.

КҲФ ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бар асари барфборӣ, тармафароӣ, барфпӯш ва ҳолатҳои яхбандӣ шудани роҳ, дар ноҳияҳои ВМКБ, кӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе – Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, , Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим ва Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Кумита  бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва бахусус ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад бе зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.

Аз аҳолии минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мешавад муддате то бартараф шудани хафву хатари лағзиши тарма аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати рух додани ҳодисаҳои нохуш, шаҳрвандон ба телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...