Ҳабси як сокини пойтахт барои озори такрории ҳамсараш

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сокини пойтахт Миралӣ Ҳусайнови 52-соларо барои барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастир намуданд. Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, номбурда ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошта, ба таври ҳамешагӣ ҳамсари худро мавриди озору дашному ҳақорат қарор медодааст. Гуфта мешавад, Миралӣ Ҳусайнов бар […]

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сокини пойтахт Миралӣ Ҳусайнови 52-соларо барои барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастир намуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, номбурда ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошта, ба таври ҳамешагӣ ҳамсари худро мавриди озору дашному ҳақорат қарор медодааст.

Гуфта мешавад, Миралӣ Ҳусайнов бар асоси муроҷиати ҳамсараш боздошт шуда, қаблан низ 17-уми декабри соли 2021барои чунин амали номатлуб дастгир ва ба муҳлати 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуда буд.

“Номбурда баъд аз таъини ҷозаи маъмурӣ амалу рафтори ношоями худро тағйир надода, боз такроран ҳамсари худро мавриди озору дашномҳои қабеҳ қарор дода, дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ӯро паст задаст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12-шабонарӯз таъин карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.