Дар Душанбе бо роҳи фиреб зиёда аз 1 млн сомонии як марди 34-соларо гирифтаанд

Кормандони ШКД-1 ноҳияи Фирдавсии пойтахт далели қаллобиро дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, ки аз ҷониби сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ содир шудааст, тафтиш мекунанд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 34-солаи пойтахт (ному насабаш нест) шикоят кардааст, ки 19 июли соли 2021 сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ (аз ӯ ҳам ном бурда намешавад) бо роҳи […]

Кормандони ШКД-1 ноҳияи Фирдавсии пойтахт далели қаллобиро дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, ки аз ҷониби сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ содир шудааст, тафтиш мекунанд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 34-солаи пойтахт (ному насабаш нест) шикоят кардааст, ки 19 июли соли 2021 сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ (аз ӯ ҳам ном бурда намешавад) бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 млн 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар доир ба кӣ будани гумонбар ба аризадиҳанда ва барои чӣ ин маблағро қарз гирифтани ӯ маълумот дода намешавад.

Ахиран дар сомонаҳои ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе дар бораи далелҳои қалобии вобаста ба маблағи ниҳоят зиёд маълумоти зиёд ба нашр мерасад.

Чанде пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи зану марде хабар дода буданд, ки дар Душанбе ба гумони қаллобӣ ба маблағи умумии 12,1 ҳазор доллар боздошт шуда буданд.

Боз чанде пештар аз ин хабар дода шуд, ки як ҷуфти ҳамсарон дар пойтахт ба қаллобӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ба сокини Душанбе харидани хонаро ваъда дода, пулҳояшро азхуд кардаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки 5,2% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад. Шумори ҷиноятҳои қаллобӣ дар ин давра 25% зиёд шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.