Ҳавопаймои марбут ба хонаводаи Нурсултон Назарбоев дар Бишкек фуруд омадааст

Asia-Plus

Расонаҳои Қирғизистон аз пайдо шудани ҳавопаймои марбут ба хонаводаи раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар фазои Фурудгоҳи байналмиллалии Манас хабар медиҳанд. Хабаргузории 24.kg гуфтааст, ҳавопаймои “хонаводаи Назарбоевҳо” соати 22:10 дақиқаи шаби 6 ба 7-уми январ дар фурудгоҳи Бишкек нишаст. Вале маълум нест, ки дохили ҳавопаймо ки буд.  

Бар пояи иттилои манбаъ дар ин бора вебсайти Flightradar24, ки вақти воқеъии парвози ҳавопаймоҳо дар фазоро назорат мебарад шаҳодат медиҳад.

Бино ба маълумоти ин вебсайт ҳавопаймои Bombardier Global Express, шоми 6-уми январ, соати тахмин 22:10 ба вақти маҳаллии Бишкек дар фурудгоҳи Манас фуруд омадааст. Аммо бино ба навиштаи хабаргузорӣ “дафтари матбуоти фурудгоҳ то ҳол дар мавриди нишасти ин ҳавопаймо шарҳе надодааст.”

“Рӯз пеш дар робита ба ҳаводиси Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки ҳавопаймои хусусии Тимур Қулибоев-домоди Нурсултон Назарбоев ба Қирғизистон сафар кардааст. Ҳамзамон як шабакаи хабарии дигар ҳамон намогирифт (скриншот)-ро бо шарҳи он, ки ҳавопаймои духтари Назарбоев Динара ба Қирғизистон мерафтааст, пешниҳод кардааст.”-навиштааст, 24.kg  ва илова кардааст баъдтар ҳавопаймо самти парвозро иваз кард ва имрӯз дар Бишкек фуруд омад.

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзи 2-уми январ алайҳи болоравии нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуда сипас дар шаҳрҳои Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент доман паҳн кард. Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт ва дар саросари кишвар вазъи фавқулода эълом кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест. Раисҷумҳурии Қазоқистон, Қосим-Жомарт Токаев, тазозургаронро "террорист" номид ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ кумак хост.

Дар саросари Қазоқистон интернетро хомӯш карданд, пахши як қатор шабакаҳои телевизиониро муваққатан қатъ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...