Толибон аз тарафҳои даргир дар Қазоқистон хостанд, ки ҷанг накунанду масъаларо бо гуфтушунид ҳал кунанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҳукумати сарпарасти Толибон аз ҳукумати Қазоқистон ва эътирозгарони ин кишвар хост, ки мушкилоти мавҷудро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд. Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, Абдул Қаҳҳор Балхӣ дар Твиттери худ хабар дод

"Имороти исломии Афғонистон аз ҳукумат ва муътаризон таваққӯъ дорад, ки мушкилоти кунуниро аз роҳҳои гуфтугӯ ва мусолиматомез ҳал намоянд то суботу оромиш ба он кишвар баргардад".- навиштааст Балхӣ дар Твиттер. 

Дар пайванд ба даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Қазоқистон ӯ навиштааст, ки  "Афғонистон вазъияти ҷорӣ дар Қазоқистонро аз наздик зери назар дорад ва ба ҳайси як кишвари ҳамсояи наздик, ва шарики тиҷоратӣ аз нооромиҳои ахир нигарон аст".

Ёдовар мешавем, ки тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, ба гирдиҳамоиҳо дар саросари кишвар боис гардид.

Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба дастгирии эътирозгарон дар Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби поин бурдани нархи гази моеъ, онҳо дар мавриди беҳбуди некӯаҳволии мардум, истеъфои ҳукумати феълӣ ва ғайра низ талабҳо пешниҳод намуданд. Дар бузургтарин шаҳри кишвар – Алмато бетарибиҳои оммавӣ оғоз шуданд.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қоисм-Ҷомарт Тоқаев аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ даъват кард, ки барои ба эътидол овардани вазъ неруҳои посдори сулҳашро бифристад ва дирӯз СПАД эълон кард, ки нахустин неруҳои посдори сулҳ аз Русия аллакай вориди Қазоқистон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...