Толибон аз тарафҳои даргир дар Қазоқистон хостанд, ки ҷанг накунанду масъаларо бо гуфтушунид ҳал кунанд

Ҳукумати сарпарасти Толибон аз ҳукумати Қазоқистон ва эътирозгарони ин кишвар хост, ки мушкилоти мавҷудро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд. Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, Абдул Қаҳҳор Балхӣ дар Твиттери худ хабар дод.  "Имороти исломии Афғонистон аз ҳукумат ва муътаризон таваққӯъ дорад, ки мушкилоти кунуниро аз роҳҳои гуфтугӯ ва мусолиматомез ҳал намоянд то […]

Ҳукумати сарпарасти Толибон аз ҳукумати Қазоқистон ва эътирозгарони ин кишвар хост, ки мушкилоти мавҷудро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд. Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, Абдул Қаҳҳор Балхӣ дар Твиттери худ хабар дод

"Имороти исломии Афғонистон аз ҳукумат ва муътаризон таваққӯъ дорад, ки мушкилоти кунуниро аз роҳҳои гуфтугӯ ва мусолиматомез ҳал намоянд то суботу оромиш ба он кишвар баргардад".- навиштааст Балхӣ дар Твиттер. 

Дар пайванд ба даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Қазоқистон ӯ навиштааст, ки  "Афғонистон вазъияти ҷорӣ дар Қазоқистонро аз наздик зери назар дорад ва ба ҳайси як кишвари ҳамсояи наздик, ва шарики тиҷоратӣ аз нооромиҳои ахир нигарон аст".

Ёдовар мешавем, ки тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, ба гирдиҳамоиҳо дар саросари кишвар боис гардид.

Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба дастгирии эътирозгарон дар Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби поин бурдани нархи гази моеъ, онҳо дар мавриди беҳбуди некӯаҳволии мардум, истеъфои ҳукумати феълӣ ва ғайра низ талабҳо пешниҳод намуданд. Дар бузургтарин шаҳри кишвар – Алмато бетарибиҳои оммавӣ оғоз шуданд.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қоисм-Ҷомарт Тоқаев аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ даъват кард, ки барои ба эътидол овардани вазъ неруҳои посдори сулҳашро бифристад ва дирӯз СПАД эълон кард, ки нахустин неруҳои посдори сулҳ аз Русия аллакай вориди Қазоқистон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.