Қоидаҳои вуруд ба Ӯзбекистон бо сабаби ошкор шудани “омикрон” тағйир меёбанд

Asia-Plus

Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, дар Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тағйр дода мешаванд, хабар медиҳад kun.uz.

Нашрия зикр мекунад, ки аз 15 январи соли равон тартиби зерин ҷорӣ мешавад:

– шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудааст;

– дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Ӯзбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буданд.

Он замон шаҳрвандони ба Ӯзбекистон аз хориҷи воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ғайр аз ин, мусофироне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз бо карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

Дар Ӯзбекистон штамми нави коронавирус – “Омикрон” сабт шуд. Вирус рӯзи 7 январ дар шаҳрванде, ки аз хориҷи ба Ӯзбекистон омада буд, ошкор шуд. Тавре ки gazeta.uz менависад, дар ин бора рӯзи якшанбе Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.