Чӣ гуна дар Душанбе як хонае, ки мардум ҳанӯз он ҷо зиндагӣ доранд, вайрон мешавад

Як бинои истиқоматии сеошёна дар маркази шаҳри Душанбе, ки дар он ҳанӯз одамон зиндагӣ доранд, тахриб шуда истодааст. Дар хонаи воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 8/6 (мавзеи собиқ “Зелёний бозор”) ҳудуди 50 манзил ҷойгир буда, 10 нафар аз соҳибмулкон то ҳол бо бинокорон ба созиш нарасида, ҳоло ҳам аз хонаҳои худ нарафтаанд, ҳарчанд дигар хонаҳои ин […]

Як бинои истиқоматии сеошёна дар маркази шаҳри Душанбе, ки дар он ҳанӯз одамон зиндагӣ доранд, тахриб шуда истодааст.

Дар хонаи воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 8/6 (мавзеи собиқ “Зелёний бозор”) ҳудуди 50 манзил ҷойгир буда, 10 нафар аз соҳибмулкон то ҳол бо бинокорон ба созиш нарасида, ҳоло ҳам аз хонаҳои худ нарафтаанд, ҳарчанд дигар хонаҳои ин биноро вайрон карда истодаанд.

Мутобиқи қарори ҳукумати шаҳр, сохтмончиён бояд бо сокинони бино созиш ҳосил намуда, онҳоро ба ҷойи дигар кӯчонанд. То ин вақт тахриби хона мумкин нест.  Ҳамаи хонаҳои паҳлӯ ва ҳамсояҳо, ки бо бинокорон ба созиш расидаву манзилашонро тарк кардаанд, тахриб мешаванд.

Якез аз соҳибмулконе, ки манзилашро тарк карданӣ несту бо бинокорон ба мувофиқа нарасидааст, Раҳима Набиева мебошад. Ӯ даҳҳо сол дар мақомоти умури дохила кор карда, рутбааш подполковник аст.

Миёни сокинони норозӣ инчунин омӯзгори мактаби олӣ, нафақахӯр, ки ба сафиати муҳандис-лоиҳакаш кор кардааст ва дигар намояндагони зиёиёни ҳақиқӣ, ки барои рушди кишвар саҳми беандоза гузоштаанд, ҳузур доранд. Гузориши видеоии мо доир ба шароити зист ва рӯзгори сокинони ин бинои садамавӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".