Ёрдамчии раиси вилояти Хатлон сардори Хадамоти муҳоҷирати ин вилоят шуд

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Самад Саидзодаро сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон таъин кардааст. Самад Саидзода то ин дам ёвари раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода буд. Фармони таъиноти Саидзода 30 декабри соли 2021 содир шудааст ва тибқи иттилои як манбаъ аз ин ниҳод то замони барканории ӯ сардори ин […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Самад Саидзодаро сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон таъин кардааст. Самад Саидзода то ин дам ёвари раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода буд.

Фармони таъиноти Саидзода 30 декабри соли 2021 содир шудааст ва тибқи иттилои як манбаъ аз ин ниҳод то замони барканории ӯ сардори ин хадамот Қирғизбек Зокирзода буд.

Самад Саидзода зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ҳафтаи гузашта Ширин Амонзода Саид Камолзодаи 24-соларо сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд таъин карда буд. Камолзода то расидан ба ин мақом сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, донишгоҳро дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонидааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".