Ҳалокати ду зан дар Нуробод бар асари садамаи нақлиёт

Дар ноҳияи Нуробод рӯзи 10 январ бар асари садамаи нақлиёт ду мусофирзан ҳалок шуда, ронандаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бморхона бистарӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Зикрулло Набиев, ронандаи 52-солаи автомашинаи тамғаи Opel Vectra, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, […]

Дар ноҳияи Нуробод рӯзи 10 январ бар асари садамаи нақлиёт ду мусофирзан ҳалок шуда, ронандаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бморхона бистарӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Зикрулло Набиев, ронандаи 52-солаи автомашинаи тамғаи Opel Vectra, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи сабукрав чаппа шудааст.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса, ду мусофирзани он – Сайлигул Ҳасановаи 49-сола ва Муслима Мочоиеваи 67-сола ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар ВКД илова намуданд, ки ронандаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео аз ҷойи садама нашр шуда, дар он зикр шуда буд, ки бар асари ин ҳодиса дар Нуробод якчанд нафар ҳалок шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".