Аз Тоҷикистони Ӯзбекистон баргардонидани ҳавопаймоҳои рабудаи Афғонистон дархост шуд

Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи толибон Муҳаммад Яъқуб дар тамрини ҳарбӣ-ҳавоии рӯзи 11 январ изҳор доштааст, ки ҳавопаймоҳои онҳо, ки дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон қарор доранд, бояд баргардонида шаванд. “Мо намегузорем, ки ин ҳавопаймоҳо дар хориҷа бимонанд ва ё аз ҷониби ин кишварҳо истифода шаванд”, – овардааст гуфтаҳои ӯро шабакаи телевизионии TOLOnews. Ба иттилои манбаъ, ӯ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи толибон Муҳаммад Яъқуб дар тамрини ҳарбӣ-ҳавоии рӯзи 11 январ изҳор доштааст, ки ҳавопаймоҳои онҳо, ки дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон қарор доранд, бояд баргардонида шаванд.

“Мо намегузорем, ки ин ҳавопаймоҳо дар хориҷа бимонанд ва ё аз ҷониби ин кишварҳо истифода шаванд”, – овардааст гуфтаҳои ӯро шабакаи телевизионии TOLOnews.

Ба иттилои манбаъ, ӯ огоҳ кардааст, ки агар кишварҳое, ки ҳавопаймоҳо дар он ҷо қарор доранд, онҳоро барнагардонанд, ба оқибатҳояш дучор хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, моҳи августи соли гузашта пас аз сарнагун шудани ҳукумати пешинаи Афғонистон ба ин ду кишвар зиёда аз 40 чархбол парвоз кард.

Тавре ки TOLOnews ишора мекунад, неруҳои пешинаи ҳарбӣ-ҳавоии Афғонистон 164 ҳавопаймо ва чархбол дар ихтиёр дошта, ҳоло бошад, танҳо 81 адад боқӣ мондааст.

“Боқимонда аз Афғонистон ба кишварҳои гуногун рабуда шуданд”, – изҳор менамоянд толибон.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар 18-уми августи соли 2021 ба “Азия-Плюс” оварда шудани ин чархболҳоро ба Тоҷикистон таъйид карда буд ва гуфта буд, ки аксари ин чархболҳо низомиянд. Аммо сафир гуфта буд, ки теъдоди дақиқашро намедонад.

Қобили зикр аст, ки аз тирамоҳи соли гузашта Толибон, ки дар моҳи август қудратро ба даст оварда буданд, талош доранд ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии собиқи Афғонистонро баргардонанд. Бо ин ҳавопаймо ва чархболҳо низомиёни ҳукумати пешин ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.

Ба мо то ҳол муяссар намешавад, ки дар мавриди ин масъала аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шарҳе бигирем.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.