Бо “Толибон” ба тавофуқе нарасидем: Ҷабҳаи муқовимат ҷузъиёти мулоқотро расонаӣ кард

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонситон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, бархе аз ҷузъиёти мулоқоти раҳбарони ин ҷабҳа бо Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибонро расонаӣ кард. Али Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар фейсбукаш навиштааст, ки толибон дар ин мулоқот ба ҳеч пешниҳоде розӣ нашудаанд ва ин мулоқот ҳеч дастоварде надоштааст. Ба навиштаи масъули равобити […]

Иршод Сулаймонӣ, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонситон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, бархе аз ҷузъиёти мулоқоти раҳбарони ин ҷабҳа бо Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибонро расонаӣ кард.

Али Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар фейсбукаш навиштааст, ки толибон дар ин мулоқот ба ҳеч пешниҳоде розӣ нашудаанд ва ин мулоқот ҳеч дастоварде надоштааст.

Ба навиштаи масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовмат, ин мулоқот бо дархости ҷониби “Толибон” ва подармиёнии Эрон баргузор шудааст.

“Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъд аз тақозои мукаррар (такрор ба такрор – АП)-и Толибон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳалли мушкили кишвар аз роҳи мусолиҳа ва музокира посухи мусбат гуфта ва ҳайате бо раёсати Амир Муҳаммад Исмоилхон бо Толибон дидор доштанд”,-навиштааст Назарӣ.

Дар ин навишта, Алӣ Майсам Назарӣ аз ҳузур доштану надоштани Аҳмади Масъуд дар мулоқот чизе нагуфтааст ва танҳо ишора кардааст, ки ҳайати Ҷабҳаи муқовиматро Муҳаммад Исмоилхон раҳбарӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки Амирхони Муттақӣ баъди баргашт аз Эрон, дар як мусоҳиба ба телевизиони милии Афғонистон гуфт, ки бо Исмоилхон ва Аҳмади Масъуд мулоқот кардааст.

Бино ба гуфтаи Назарӣ, Ҷабҳаи муқовимат дар ин дидор  барои аҳдофи хеш, аз ҷумла ташкили ҳукумати воқеии исломӣ ва ҳамашумул, ки дар натиҷаи иродаи мардуми Афғонистон ба миён ояд, таъкид намуд.

“Адолати иҷтимоӣ, навъи низом, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, озодии баён, ҳуқуқ ва нақши воқеии бонувон, интихобот ва ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Афғонистон тавассути худашон аз ҷумлаи аҳдоф ва мавзӯоте буд, ки дар он нишаст аз сӯи ҳайати Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба унвони ҳаққи мардуми Афғонистон ёд гардид”,- гуфтааст Назарӣ

Ба назари Алӣ Майсам, намояндагони Толибон мисли ҳамеша бар хилофи он чи воқеияти ҷомеа ва хостаҳои мардуми Афғонистон аст, “бар идомаи вазъи мавҷуд таъкид намуданд ва бори дигар собит карданд, ки ба ҳеҷ сурат ҳозир ба ҳама иродаи Афғонистон нестанд ва нишаст ва сафарашон бидуни ҳеҷ дастоварде поён ёфт”.

Амирхони Муттақӣ ҳам дар мусоҳибааш бо расонаҳои Афғонистон аз дастовардҳои хоси ин сафар чизе нагуфт ва танҳо ишора кард, ки "бо фармондеҳ Исмоилхон ва Аҳмад Масъуд низ дар Эрон дидор кардем. Бо афғонҳои дигар низ дидор доштем ва аз онҳо хостем, ки ба кишваршон баргарданд, ҳеҷ кас ба онҳо коре нахоҳад дошт ва мушкили амниятӣ барои онҳо эҷод нахоҳем кард".

Аз ин изҳороти Назарӣ чунин ба назар мерасад, ки Эрон ҳам дар ин мулоқот изҳор кардааст, танҳо роҳи ба расмият шинохтани ҳар ҳукумате дар Афғонистон ташкили ҳукумати фарогирӣ воқеӣ аст. Эрон ин корро ягона роҳи субот дар Афғонистон донистааст.

Хабари баргузории мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Муттақиро шабакаи "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба ду манбаи ба таъкиди ин расона муътабараш дар Теҳрону Машҳад, рӯзи 9-уми январ расонаӣ карда буд. 

Аммо Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, рӯзи якшанбеи 9-уми январ хабарҳои нашршуда дар мавриди мулоқоти раҳбари ин ҷабҳа Аҳмади Масъуд бо сарапарасти вазорати хориҷаи Толибон Амирхони Муттақиро рад карда буд.

Аҳмадӣ дар як навиштаи фейсбукӣ гуфта, ки ҳеҷ мулоқоте дар назар нест ва дар ин бора пасонтар баёнияе содир хоҳанд кард.

Али Майсам Назарӣ баъди биуни натиҷа анҷом ёфтани ин мулоқот, навиштааст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бори дигар барои бароварда шудани хостаҳои машрӯъ ва барҳаққи мардуми  Афғонистон ва хатми бӯҳрони ҷорӣ ба тариқи мухталиф аз ҳар гуна саъй ва талош дареғ нахоҳад варзид ва то замони бароварда шудани аҳдоф ва ормони машрӯъ ва барҳаққи мардумамон ва манфиати кишвар ба мубориза ва муқовимат идома медиҳад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.