Барои сӯхтори арчаи солинавӣ дар Вахш сардори милитсияи ноҳия аз мансаб барканор шуд

Радиои Озодӣ

Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ва муовини ӯ баъди пурра ба коми оташ рафтани арчаи солинавӣ дар майдони марказии ноҳия аз мансаб барканор шуданд.

Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, сардори ШКД-и ноҳияи Вахш Алишер Неъматзода ва муовини ӯ Сафар Абдуллоев барои таъмини бехатарӣ дар назди арча навбатдор нагузоштаанд, ки "ин камбудии ҷиддӣ ҳисоб мешавад". Тибқи маълумоти пешакӣ, арча бар асари оташбозии кӯдакон сӯхтааст.

Алишер Неъматзода аз шарҳи масъалаи барканориаш аз мансаби сардори ШВКД ноҳияи Вахш худдорӣ кардааст.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи ВКД Тоҷикистон, барканории ӯро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ин "тағйироти маъмулии кадрӣ буд".

Навори видеоии оташ гирифтани  ин арча рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва вокунишҳои корбаронро ба дунбол дошт. Баъди нашри навори видео, бархе корбарон носанҷида онро кори дасти нафарони бунёдгаро хонданд, ки мухолифи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Намозалӣ Салимов, сардори Идораи оташнишонии ноҳияи Вахш, рӯзи 11-уми январ ба Радио гуфтааст, арча бар асари оташбозии се кӯдак сӯхта, нисбат ба волидони кӯдакон протокол барои ҳуқуқвайронӣ тартиб дода шудааст".

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта ВКД Тоҷикистон сардори Шуъбаи Вазорат дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Пӯлод Барфиро аз мансабаш барканор кард. Рӯзи 31 декабри соли 2021 ҳангоми ҷашнгири Соли нав дар тарабхона Пӯлод Барфӣ, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кард. Ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...