Боришот дар Тоҷикистон то охири ҳафта идома меёбад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то охири ҳафта дар водиҳо боришот идома ёфта, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ барф меборад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар медиҳад, ки дар қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе – Чанок, Душанбе – Ваҳдат – Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Кӯлоб, Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб яхбандии роҳҳо пешбинӣ шуда, хавфи фаромадани тарма ва сангреза вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 14-16 январ обуҳаво дар пойтахт гарм, вале абрнок шуда боришоти назаррас дар назар нест, лекин туман мефарояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд, ба ғунучини ҳезум ва шикор низ нараванд.

Барои аҳолие, ки манзили худро бо ангишт гарм мекунанд, Кумита тавсия медиҳад, ки барои ҳифз аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт, зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ барои сӯзонидани ангишт истифода кунанд ва қобилияти ҳавокашии қубури дудпарторо ба инобат гиранд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки воситаҳои нақлиётро бо таҷҳизоти зарурӣ барои ҳаракат дар шароити барфрезӣ ва яхбандӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳо риоя кунанд. Зимни ҳаракат дар қитъаҳои хавфноки тармафаро риояи қатъии масофа байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.

Ҳамчунин Кумита ба сокинони шаҳр тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳое, ки дар он ҷойҳо хавфи шикастани шохи дарахтҳо, канда шудани симҳои хатти баландшиддати инитиқоли барқ вуҷуд дорад, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...