Мавзуна Чориева директори генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон интихоб шуд. Тавре ки маркази матбуоти КМО хабар медиҳад, интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 11 январ сурат гирифт. Гуфта мешавад, Мавзуна Чориева аз соли 2017 […]

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ки маркази матбуоти КМО хабар медиҳад, интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 11 январ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло доир гашт, қайд гардид, ки интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи директори генералии КМО Тоҷикистон пайравӣ аз сиёсати президенти ҷумҳурӣ ва  президенти КМО Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчунин сохтори Кумита тасдиқ ва масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.