Ӯзбекистон содироти барқро ба Афғонистон 60 дарсад коҳиш дод

Ширкати "Брешно" (DABS) бо нашри эъломияе гуфт, ки Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ ҳамоҳангӣ бо онҳо, барқи содиротиашро ба Афғонистон 60 дарсад коҳиш додааст. Гуфта мешавад, ширкати "Брешно" бо истинод ба мақомҳои барқи Ӯзбекистон далели коҳиши барқро мушкилоти техникӣ дар истгоҳи "Марҷон"-и он кишвар гуфтааст. Дар хабари ин ширкат зикр мегардад, ки ин мушкилот тайи ду ё […]

Ширкати "Брешно" (DABS) бо нашри эъломияе гуфт, ки Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ ҳамоҳангӣ бо онҳо, барқи содиротиашро ба Афғонистон 60 дарсад коҳиш додааст.

Гуфта мешавад, ширкати "Брешно" бо истинод ба мақомҳои барқи Ӯзбекистон далели коҳиши барқро мушкилоти техникӣ дар истгоҳи "Марҷон"-и он кишвар гуфтааст.

Дар хабари ин ширкат зикр мегардад, ки ин мушкилот тайи ду ё се рӯзи оянда ҳал хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ба далели коҳиши барқ аз сӯи Ӯзбекистон барқи 16 вилояти Афғонистон ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Қаблан Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамчунин дар мавриди интиқоли нерӯи барқ   дар соли 2022 ба мувофиқа расида буданд. Хабар дода шуда буд, ки ҷонибҳо ба маблағи 100 миллион доллар қарордод имзо кардаанд.

Ҳарчанд ҳанӯз далели аслии коҳиши барқи Ӯзбекистон мушаххас нест, вале Мулло Яъқуб, вазири дифоъи ҳукумати сарпарасти Толибон дирӯз ба ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои Афғонистонро баргардонанд.

Вай таъкид кард, ки ҳавсалаи Толибонро ба озмоиш нагиранд ва маҷбур насозанд амали мушобеҳро назар ба тавон анҷом бидиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.