Мусоидати ТИКА ба татбиқи Барномаи рушди боғпарварӣ дар Тоҷикистон

Баёнияи матбуотӣ

Дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба  ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  ТИКА ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳудуди пойгоҳи озмоишгоҳи илмӣ ва таълимии “Кишоварз”-и донишгоҳ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади дар омӯзишҳои донишҷӯён истифода гардидан як боғи интенсивии ниҳолҳои мевадиҳанда таъсис дода шуда истодааст.

Дар лоиҳа, ки дар доираи Барномаи рушди боғпарварии Тоҷикистон амалӣ мегардад, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии донишҷӯёни донишгоҳ як боғи мевадиҳандаи тадқиқотӣ – таҷрибавӣ ва як  маркази ниҳолпарварии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ташкил карда шуда истодааст.

Дар ин ҷо инчунин системаи обёрии қатрагӣ, системаи такягоҳи сарпӯш ва дигар таҷҳизоти зарурӣ бо технологияи навтарин таъмин гардида истодааст.

Лоиҳа, ки дар майдони 2,5 гектар замин амалӣ карда мешавад, иборат аз пайванди решагии  навъҳои маъмули себ, гелос ва олу бунёд карда мешавад. Бунёди боғ, ки дар он ҳамагӣ 15 ҳазор ниҳол ва буттаҳо ҷойгир хоҳад шуд, аз ҳамин ҳафта оғоз ёфт.

Лоиҳае, ки ТИКА дастгирӣ мекунад, ҳадафи он баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи касбии донишҷӯён дар донишгоҳ, дастгирии таҳсилоти амалии онҳо ва фароҳам овардани таҷриба дар соҳа мебошад. Ин хоҷагие, ки ташкил карда мешавад, ба кори таълим  ва илму ривоҷи донишгоҳ дар сохаи хочагии қишлоқ ҳиссаи калон мегузорад.

Илова бар ин, интизор меравад, ки ниҳолҳои мевадиҳандае, ки дар ин марказ дар солҳои наздик тавлид мешаванд, дар рушди ниҳолпарварии миллии меваҷот дар Тоҷикистон саҳми муҳим хоҳанд гузошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...