Амриддин Аловатшоев яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ дар Русия куҷо шуд?

Яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз ширкаткунандаи гуфтушуниди зодагони Бадахшон бо сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ Амриддин Аловатшоев дар Русия нопадид шудааст. Дар ин бора дирӯз, 12 январ “Pamir Daily News” хабар дод. Ин пойгоҳ тахмин задааст, ки эҳтимол меравад Аловатшоев ба Тоҷикистон истирдод шуда […]

Яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз ширкаткунандаи гуфтушуниди зодагони Бадахшон бо сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ҳаводиси охири Хоруғ Амриддин Аловатшоев дар Русия нопадид шудааст. Дар ин бора дирӯз, 12 январ “Pamir Daily News” хабар дод.

Ин пойгоҳ тахмин задааст, ки эҳтимол меравад Аловатшоев ба Тоҷикистон истирдод шуда бошад. Пойгоҳ аз қавли чанд манобааш навишт, ки ӯ рабуда шудааст ва шояд шаби 12-13 январ ба Тоҷикистон оварда шавад.

Мақомоти қудратии кишвар дар робита ба ин масъала иттилоъ намедиҳанд. “Азия-Плюс” талош кард назари расмии мақомотро дар ин маврид дарёфт кунад, вале муваффақ нашуд.  Мақомоти Русия ҳам расман дар ин бора хабар надодаанд.

Радиои “Озодӣ” бо такя ба афроди наздик ба Амриддин навиштааст, ки “Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мешуд ва эҳтимол ӯро ду рӯз пеш дастгир кардаанд". 

Вале аз Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар мавриди эҳтимоли ба Тоҷикистон оварда шудани Амриддин Аловатшоев ба ин расона изҳори бехабарӣ карданд. Аз дафтари матбуотии ВКД низ гуфтаанд, аз боз шудани парванда нисбати Аловатшоев чизе намедонанд.

Хабарҳои зидди нақиз дар мавриди боздошт ва истирдоди Аловатшоев дар ҳолест, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ Далер Ҷумъа рӯзи 10-уми январ дар ҷаласае дар Хоруғ Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоевро, ки қаблан ҳамчун раҳбарони ғайрирасмӣ номбар мешуданд,  барои халал расондан ба кори мақомот гунаҳкор кардааст. 

"Аз кормандони мақомоти давлатӣ талаб карда мешавад, ки ҷиддӣ машғул шаванд ва дар доираи қонун шахсони ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашанд”,- гуфта буд ӯ.

Далер Ҷумъа, ҳамчунин, Амриддин Аловатшоевро ба "таҳрик додани ҷавонон аз хориҷа" муттаҳам карда буд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон рӯзи 13-уми январ гуфтаанд, ки дар бораи дар куҷо будани Амриддин Аловатшоев иттилоъ надоранд, вале барои пайдо крадани маълумоти бештар дар бораи ӯ намояндаашонро ба ноҳияи Роштқалъа фиристодаанд, ки наздиконаш бори охир бо дар тамос буданд ё не.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ҳаводиси моҳи октябри соли 2018 дар Бадахшон номи Амриддин Аловатшоев дар қатори раҳбарони дигари ғайрирасмии ВМКБ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазоров гирифта шуда буд. Дертар ӯ зери санаде имзо гузошт, ки қонунро поймол намекунад ва ба кори мақомот дар Бадахшон дахолат намекунанд.

Ӯ чанд сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, вақтҳои охир дар Русия кору иқомат мекард. Аз ӯ ҳамчунин яке аз ширкаткнунадагони вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ҳаводиси моҳи ноябри Хоруғ ном мебаранд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.