Падари Чоршанбе Чоршанбиев: ”Писарам хуб аст, ба ӯ имкони тамрин дода шудааст”

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 13 январ, Авазхон Паҳлавонов (Чоршанбиев) бо писараш размикори маъруфи тоҷики риштаи ММА ва блогер Чоршанбе Чоршанбиев, ки чанде пеш аз Русия ихроҷ ва дар фурудгоҳи Душанбе аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ  дидорбинӣ намудаанд. Дар ин бора фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Музаффар Имомдодов тариқи “Фейсбук” хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи падари Чоршанбе, ҳамчунин модарбузургаш ба дидор рафтааст.

Дар навори видеоие, ки баъди дидорбинӣ Музаффар Имомдодов нашр кардааст, падари Чоршанбе мегӯяд, вазъи саломатӣ ва ҷойи нигаҳдошти писараш хуб аст.

«Ҷойи нигаҳдошти писарам гарм, ҳатто барояш толори варзишӣ низ додаанд, ки тамрин намояд. Касе ӯро шиканҷа накардааст ва ҳолаташ хуб мебошад. Ҳоло тафтишот идома дорад ва мо низ ҳоло намедонем, ки чӣ гап мешавад»,- мегӯяд Авазхон.

Ҳамзамон, дар навори мазкур Музаффар Имомдодов аз мардум хостааст, ки ба суханони бардурӯғ дар мавриди нигаҳдошти Чоршанбе ва шиканҷаи ӯ бовар накунанд.

Бояд зикр намуд, ки чанд рӯз қабл Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ бо се вакили дифоъ таъмин шудааст. Чоршанбе Чоршанбиев дар баёноташ гуфтааст, ки мақсадаш ҳеҷ гоҳ даъват ба зӯран гирифтани ҳокимият набуд ва ӯ ин ҷиноятро содир накардааст.

Ёдрас мешавем, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 30-юми декабри соли 2021 дар хабаргузории давлатии "Ховар" боздошти Чоршанбиевро таъйид кард ва аз боз шудани парванда бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ–189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро (экстремистӣ) алайҳи Чоршанбиев хабар дод.

Мақомот ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҳайси як блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз суханҳои иғвоангез истифода мебурд, бахусус дар саҳифаи шахсии худ дар “Instagram” ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъват ба бетартибиҳои оммавӣ машғул буд.

Рӯзи 29 декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи Чоршанбиевро қонунӣ эътироф карда, қарори додгоҳи ноҳияи Останкинои Маскавро бидуни тағйир гузошт. Ӯ аввали моҳи декабр ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...