Чоршанбе Чоршанбиев гуфтааст намедонист, ки муроҷиаташ ҷиноят ҳисобида мешавад

Размикори маъруфи тоҷики риштаи ММА ва бологер Чоршанбе Чоршанбиев, ки чанде пеш аз Русия ихроҷ ва дар фурудгоҳи Душанбе аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд, гуфтааст, мақсадаш ҳеҷ гоҳ даъват ба зӯран гирифтани ҳокимият набуд ва ӯ ин ҷиноятро содир накардааст. Дар ин бора Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки бо муроҷиати падари Чоршанбиев ӯро бо […]

Размикори маъруфи тоҷики риштаи ММА ва бологер Чоршанбе Чоршанбиев, ки чанде пеш аз Русия ихроҷ ва дар фурудгоҳи Душанбе аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд, гуфтааст, мақсадаш ҳеҷ гоҳ даъват ба зӯран гирифтани ҳокимият набуд ва ӯ ин ҷиноятро содир накардааст. Дар ин бора Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки бо муроҷиати падари Чоршанбиев ӯро бо се вакили дифоъ таъмин кардааст, хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, Чоршанбиев чанд маротиба хаттӣ ва шифоҳӣ иттиҳоми эълоншударо  рад карда, гуфтааст, намедонист, ки муроҷиатҳояш ҷиноят ҳисобида мешавад ва ӯ бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор муроҷиат кардааст.

Ин созмони ҷамъиятӣ навиштааст, ки падари Чоршанбиев-Авазхон Паҳлавонов (Чоршанбиев) то ҳол барои мулоқот бо писараш иҷоза нагирифтааст, вале дар ин самт вакилони дифоъ кор мекунанд.

Ба навиштаи ин созмон, Чоршанбиев рӯзи 4 январи соли 2022  зимни вохӯрӣ бо вакилон шиканҷа шуданаш аз ҷониби мақомотро рад кардааст.

Гуфта мешавад, ки 5 январи соли 2022 вакилони дифоъ аз ҳабси Чоршанбиев ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурданд, вале додгоҳ шикояти онҳоро қонеъ накарда, қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансуррро аз 31 декабри соли 2021 бетағйир гузошт.

“Чоршанбе бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад, дар додани баёнот самимӣ аст ва ҳама чизро тавре, ки ҳаст, мегӯяд. Сарфи назар аз иттиҳомҳои сангин, муносибати вай дӯстона аст, бодиққат ба суолҳое, ки ба вай медиҳанд, гӯш мекунад ва фаҳмо посух медиҳад. Вай мехоҳад, онҳоро мутақоид кунад, ки зидди ҳокимият намерафт, варзишгар аст ва баъзан эҳсосотӣ мешуд, вале талош мекард, зуд ин ҳолатро ислоҳ кунад. Ҳамеша дар ғалабаҳои худ бо парчами Тоҷикистон баромад мекард", – омадааст дар изҳороти эътилоф.

Эътилоф даъват намудааст, ки аз паҳн кардани маълумоти тасдиқнашуда, ки метавонад ба Чоршанбиев зарар расонад, худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 30-юми декабр дар хабаргузории давлатии "Ховар" боздошти Чоршанбиевро таъид кард ва гуфт аз боз шудани парванда бар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ–189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро (экстремистӣ) алайҳи Чоршанбиев хабар дод.

Мақомот ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҳайси як блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз суханҳои иғвоангез истифода мебурд, бахусус дар саҳифаи шахсии худ дар Instagram ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъват ба бетартибиҳои оммавӣ машғул буд.

29 декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи Чоршанбиевро қонунӣ эътироф карда, қарори додгоҳи ноҳияи Останкинои Маскавро бидуни тағйир гузошт. Ӯ аввали моҳи декабр ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.