Сарраёсати маорифи Душанбе: Аксҳои дарсҳо дар рӯи фарш беасосанду видеои лату куб кӯҳна аст

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба норасоии омӯзгорон ва дар рӯйи фарш  дарс хондани мактабхонҳои синфҳои ибтидоии Гимназияи рақами 4-и Душанберо дур аз воқеият медонад.

Ин муассиса барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст ва бинои нави он имсол аз сӯйи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  ба баҳрабардорӣ супурда шуд.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар вақти санҷиши муассисаи мазкур ҳолат ошкор нашудааст ва ин аксҳо аз ҷониби баъзе шахсони алоҳида бо ҳадафҳои ғаразнок интишор шуда, дур аз воқеият мебошанд.

Ин масъули идораи маорифи Душанбе дар ҳоле аз сохтакоронаву ғаразнок будани аксҳо мегӯяд, ки дирӯз 12-январ ба нашри ин аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёде бархост, ки корбарон аз ин усули дарсдиҳӣ изҳорӣ нигаронӣ намуданд.

Бобозода дар мавриди аксҳое, ки дар онҳо тамоми ҷойҳои нишасти синфхона банд ҳасту қисме аз хонандагон дар рӯйи фарш ва қисми дигар бо қомати рост истодаанд, мегӯяд, «шояд ин хонандагон дар равиши дарс бозие анҷом медоданд ё аз синфҳои дигар хонандагон ба дарси ҳамсабақонашон даъват шуда бошанд, вале дар чунин шакл таълим гирифтан ҳеҷ асосои воқеӣ надорад».

Бобозода мегӯяд, то имрӯз, яъне 13-уми январ дар гимназияи мазкур норасоии омӯзгорон ба назар намерасад ва ин муассиса бо омӯзгорон пурра таъмин мебошад.

“Айни замон дар муассисаи мазкур 1614 хонанда дар 70 синф ба ҳисоби миёна дар як синф 23 – нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 117 нафар омӯзгори ботаҷриба аз рӯйи ихтисоси мувофиқ фаъолият намуда, дар муассиса норасоии кадрӣ вуҷуд надорад”,-мегӯяд ӯ.

Сардори раёсати идораи маорифи шаҳр мегӯяд, ки ин мактаб дастовардҳои хуб дорад, ки хонандагонаш дар як давраи кӯтоҳ дар даври ноҳиявии олимпиадаҳо 34 ва дар давраи шаҳрӣ 18 ҷойи ифтихориро сазовор шудаанд, ки ин яке аз натиҷаҳои беҳтарин дар миёни муассисаҳои таълимии пойтахт ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, дар озмуни стипендияи президентӣ 12 нафар хонандаи ин гимназия ғолиб омадаанд.

Ин масъули сарраёсати маорифи Душанбе видеои бо химча лату кӯб шудани мактабхонҳои ба дарс дермондаро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд ва иддао мешуд, ки аз ҳамин мактаб аст, низ беасос медонад ва мегӯяд, ки “навори мазкур нав набуда, тақрибан чанд  сол пеш сабт гардидааст”.

Вазорати маориф ва илм то ҳол расман дар ин бора изҳороте нашр накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...