“Ҷигарта бхрм”: чаро ҷавонони точик духтаронро таҳқиру латукӯб мекунанд?

Date:

"Ҷигарта бхрм" як хушгӯйӣ ё комплементи тоҷикӣ ба духтарон аст, ки дар аввал шӯху беозор менамуд. Аммо вақтҳои охир дар пайи ин гуна ибораҳову луқмапартоӣ таҳқиру хушунати ҷисмонӣ алайҳи ҷинси латиф мушоҳида мешавад. Духтарон бештар ҳадафи таъқиб қарор мегиранд ва ё онҳо ахиран тарҷеҳ додаанд, ки дар ин бора бештар суҳбат кунанд.

Ахиран дар маркази Душанбе ду духтари 15-сола аз тарафи мардони аз онҳо ба синну сол ба маротиб бузургтар мавриди таҳқиру кашмакашӣ қарор гирифтанд. Ин дар ҳоле, ки духтарон ҳеч рафтору намуди зоҳирии фавқулодаву ғайриоддӣ надоштанд.

Чаро ин гуна аст? Онҳое, ки "муҳаббат"-и худро ба духтарон ин қадар бераҳмона нишон медиҳанд кистанд? Кадом духтаронро нишони ҳамла қарор медиҳанд? Кадом роҳҳо ва ҷазоҳои ҳуқуқии масъала вуҷуд доранд? Чӣ бояд кард – аз нигоҳи қонунӣ, институтсионалӣ, шаҳрвандӣ?

Дар нашри нави ток-шоуи «Рости гап» бо Орзу Исоев ин мавзӯъро баррасӣ кардем – бо коршиносон, фаъолони ҷомеа, осебдидагон ва одамони оддӣ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...