Тамдиди дигарбора маълум нест. То поёни муҳлати сабти дубораи симкортҳо 1 моҳ монд

Мақомоти масъули Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки замони сабти номи дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон тамдид мешавад ё не.  Ин дар ҳолест, ки 15-уми феврал муҳлати ниҳоии сабти номи симкортҳо ба поён мерасад.  Як манбаъ дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло як моҳи дигар фурсат аст ва ҳанӯз мушаххас […]

Мақомоти масъули Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки замони сабти номи дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав дар Тоҷикистон тамдид мешавад ё не.  Ин дар ҳолест, ки 15-уми феврал муҳлати ниҳоии сабти номи симкортҳо ба поён мерасад. 

Як манбаъ дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло як моҳи дигар фурсат аст ва ҳанӯз мушаххас нест, ки муҳлати сабти дубора тамдид мешавад ё не. Аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҳам мегӯянд, ки масъалаи тамдид шудану нашудани замони сабт номи симкортҳо ба Хадамоти алоқа марбут аст. 

Дар Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 2,4 миллион симкорти мобилӣ мувофиқи шиносномаи намунаи соли 2014 дубора сабти ном нашудаанд. Дар ин бора муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ба хабаргузории давлатии "Ховар" хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 850 ҳазор SIM-корт бо шиносномаи пластикии намунаи соли 2014 номнавис шудааст

– Дар ҳамкорӣ  бо ширкатҳои мобилии ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз 70 то 80 ҳазор истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон-намунаи соли 2014, яъне  ID аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Аз аввали сол то 30 ноябри соли 2021 ин рақам ба 850 ҳазор SIM-корт баробар шудааст,- гуфтааст Атоев.

Аз қайд нагузаштани 2,4 млн симкорт бо шиносномаи нав дар ҳолест, ки то анҷоми муҳлати қарори ҳукумат дар мавриди ба қайд гирифтани симкортҳо бо шиносномаи пластикии намнуаи соли 2014 камтар аз як моҳ- то 15 феврали соли 2022 вақт боқӣ мондааст. Агар муштариён саривақт дубора худро ба қайд нагузоранд, рақамҳои онҳо ғайрифаъол мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 13 июли соли 2021 Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон то ҳол 2 млн 444 ҳазор симкорти алоқаи мобилӣ мувофиқи шиносномаи пластикии намунаи соли 2014 дубора сабт нашудаанд.

Ӯ хабар дода буд, ки ҳамагӣ 4 млн 960 ҳазор симкортҳо ба қайди дубора гузошта шудаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон дар Тоҷикистон 7 млн 571 ҳазор муштариён аз алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, ки 5 млн 144 ҳазори онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли 2019 аз нав ба қайд мегирифтанд. Он замон ба мизҳои шиносномадиҳӣ наздик шудан имкон надошт, чунки ҳазорон нафар навбат мепоийиданд.

Нимаи моҳи феврали соли 2020 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳоро бо шиносномаи намунаи нави ID то 15-уми феврали соли 2022 ба имзо расонид. То ин дам 3,8 млн нафар корбарони алоқаи мобилӣ сабти дубора накарда буданд.

Аввали моҳи феврали соли 2021 ВКД ва Хадамоти алоқа ба Дастгоҳи иҷроияи президент бо дархости бори дигар дароз кардани муҳлаи сабти дубораи симкортҳо мактуб навиштанд. То ҳол маълум нест ки ин муҳлат дароз карда мешавад ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.