“Барқи тоҷик” лимити барқро дар Тоҷикистон рад мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

ШСХК “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи интиқоли маҳдуди барқ ба деҳоти ҷумҳурӣ рад мекунад. “Ин маълумот асос надорад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур.

Дар сурати қатъи интиқоли барқ, “Барқи тоҷик” аз истифодабарандагон даъват мекунад, ки ба шабакаҳои маҳаллии барқ муроҷиат намоянд.

Дар мавриди содироти барқ дар ширкат зикр мекунанд, ки танҳо баҳри нигаҳдории коршояии хатҳои интиқол ва таҷҳизот миқдори начандон зиёди он ба Афғонистон интиқол меёбад.

Дар ҳамин ҳол, “Барқи тоҷик” маълумоти Агентии оморро дар бораи содироти барқ дар соли 2021 низ рад мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи қариб 93,6 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст.

Аммо дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, соли 2021 ба сурати умум, ба маблағи 14,3 млн доллар камтар дар муқоиса бо рақамҳои аз ҷониби Агентии омор ишорашуда барқ содир шудааст.

Дар ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) неруи барқ содир шудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) ва Ӯзбекистон – 260,2 млн сомонӣ (23 млн доллар) неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...