“Барқи тоҷик” лимити барқро дар Тоҷикистон рад мекунад

ШСХК “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи интиқоли маҳдуди барқ ба деҳоти ҷумҳурӣ рад мекунад. “Ин маълумот асос надорад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур. Дар сурати қатъи интиқоли барқ, “Барқи тоҷик” аз истифодабарандагон даъват мекунад, ки ба шабакаҳои маҳаллии барқ муроҷиат намоянд. Дар мавриди содироти барқ дар ширкат зикр мекунанд, ки танҳо баҳри нигаҳдории […]

ШСХК “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи интиқоли маҳдуди барқ ба деҳоти ҷумҳурӣ рад мекунад. “Ин маълумот асос надорад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур.

Дар сурати қатъи интиқоли барқ, “Барқи тоҷик” аз истифодабарандагон даъват мекунад, ки ба шабакаҳои маҳаллии барқ муроҷиат намоянд.

Дар мавриди содироти барқ дар ширкат зикр мекунанд, ки танҳо баҳри нигаҳдории коршояии хатҳои интиқол ва таҷҳизот миқдори начандон зиёди он ба Афғонистон интиқол меёбад.

Дар ҳамин ҳол, “Барқи тоҷик” маълумоти Агентии оморро дар бораи содироти барқ дар соли 2021 низ рад мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи қариб 93,6 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст.

Аммо дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, соли 2021 ба сурати умум, ба маблағи 14,3 млн доллар камтар дар муқоиса бо рақамҳои аз ҷониби Агентии омор ишорашуда барқ содир шудааст.

Дар ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) неруи барқ содир шудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) ва Ӯзбекистон – 260,2 млн сомонӣ (23 млн доллар) неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.