Нархи кӯдакистонҳо ҳамагӣ 8 сомонӣ зиёд шуд, агар бештар талаб карданд шикоят кунед, ҷазо медиҳанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бархе аз волидон ба идораи “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки сар аз 1-уми январ нархи ҳаққи моҳонаи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафтааст ва масъулони  ин боғчаҳо ба ҷойи 120 сомонии пешин, ҳоло 130 ва ҳатто 140-150 талаб мекунанд.

Азиза Собирова, сокини порйтахт ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз кӯдакистон ба онҳо иттилоъ додаанд, ки бо қарори ҳукумат маблағи пардохти кӯдакистон аз 120 ба 128 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ба ҷуз аз 128 сомонии маблағи тасдиқшуда, боз 20-30 сомонии дигар ба омӯзгорон медиҳанд.

Дар сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе боло рафтани ҳаққи моҳонаи кӯдакистонҳоро ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар марбут медонанд.

"Аз якуми январи соли 2020 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ шуд, ки пештар 60 сомонӣ буд. Ҳаққи моҳонаи кӯдакистонҳо, ки ду нишондиҳанда буд, акнун 128 сомонӣ шуд",-мегӯянд дар ин ниҳод..

Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки дар сурати исбот гардидани зиёд талаб намудани хаққи моҳона, масъулони кӯдакистонҳоро муштаракан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷазо медиҳанд.

Ҳамчунин Сарраёсати маорифи Душанбе бо ин мазмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонеро низ паҳн намудааст.

Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидон аз боло рафтани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо нигаронӣ мекунанд. Бархеи онҳо мегӯянд, ки яз январи соли 2022 ба онҳо гутфа шудааст, ки на 120, балки 140 сомонӣ пардохт намоянд.

Як ҳамсуҳбати мо бо номи Зулайхо, ки фарзандаш дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт тарбият мегирад гуфт, ки аз онҳо на 128, балки 150 сомонӣ талаб кардаанд. Ӯ гуфт, ҳарчанд 20 сомонӣ зиёд додан маблағи ночизе барои фаъолияти муррабиён дар як моҳ аст, аммо барои бархе хонаводаҳо ки 2-3 фарзандашон дар кӯдакистонанд,  «пули калон» аст.

Ин бону мегӯяд, онҳо дар ҳақиқат онҳо  огаҳ нестанд, ки тибқи талабот бояд чанд сомонӣ бипардозанд.

Сарраёсати маориф мегӯяд онҳое, ки дар боғчаҳо ба ин мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд ба рақами телефони боварии ин ниҳод – 2213092 тамос бигиранд.

Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе 150 муассисаи таҳсилоти томактабӣ  мавҷуд аст, ки 30 739 нафар тарбиятгирандагонро фаро гирифтаанд. Аз ин теъдод, 92 муассиса буҷавӣ, 46 муассиса хусусӣ ва 12 муассисаи дигар вобастаи корхонаву ташкилотҳо мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...