Бо пешниҳоди Тоҷикистон механизмҳои таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СПАД таҳия мешавад

Бо пешниҳоди шарикони мо аз Тоҷикистон механизмҳои боътимоди таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СПАД бо шумули баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ ва кумак ба Тоҷикистон лар таҳкими ҳифзи қитъаҳои кӯҳии душворгузари сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон таҳия мешаванд, изҳор доштааст рӯзи 13 январ намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар мавриди шарҳи ақидаи сарвари давлати […]

Бо пешниҳоди шарикони мо аз Тоҷикистон механизмҳои боътимоди таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СПАД бо шумули баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ ва кумак ба Тоҷикистон лар таҳкими ҳифзи қитъаҳои кӯҳии душворгузари сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон таҳия мешаванд, изҳор доштааст рӯзи 13 январ намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар мавриди шарҳи ақидаи сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ташкили “камарбанди амният” дар атрофи Афғонистон.

Тавре дафтари матбуоти ВКХ Русия хабар медиҳад, Захарова гуфтааст, вазъияти Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи СПАД қарор дошта, рӯйдодҳои дар он ҷо ҷараёндошта ба ҳамаи кишварҳои минтақа ва аъзи СПАД дахл доранд.

“Хотиррасон мекунам, ки бо ташаббуси Русия моҳи августи соли 2021 пас аз хуруҷи неруҳои низомии ИМА ва итифоқчиёнаш аз Афғонистон, ба таври таъҷилӣ иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ барои баррасии тадбирҳои аввалиндараҷаи мушаххас ҷиҳати таъмини кафолатноки амният дар минтақаи зери масъулияти СПАД даъват шуда буд”, – иброз доштааст вай.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои Созмон, ба ақидаи ӯ, пешгирӣ аз вуруди исломгароии тундгаро ба қаламрави кишварҳои узв, инчунин ҷилавгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба сафи ифротгароён, аз ҷумла бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет мебошад.

Кишварҳои СПАД ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдор ва хадамоти махсусро ҷиҳати ошкор ва безарар гардонидани ячейкаҳои ифротгароӣ ва террористӣ, ки аз фиристодаҳо (эмиссарҳо)-и хориҷии худ камтар хатарнок нестанд, тақвият хоҳанд дод. Барои муқовимат ба таблиғоти тахрибкоронаи созмонҳои террористӣ дар фазои иттилоотӣ низ чораҳои муассир андешида мешаванд”, – зикр кардааст намояндаи ВКХ Русия.

Ӯ таъкид доштааст, ки масоили ҷилавгирӣ аз фаъолияти бозори пинҳонии аслиҳа дар Афғонистон, ки аз нерӯҳои эътилоф мондааст, ҳамчунин мушкилоти истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир дар маркази таваҷҷуҳи СПАД боқӣ хоҳад монд.

“Вазъияти Афғонистон муттаҳид шудани талошҳои тамоми кишварҳои узви СПАД-ро тақозо мекунад. Бо ин гуфтаҳо зарурати талошҳои глобалӣ таҳти сарпарастии СММ, Шӯрои Амнияти он ва тамоми созмонҳои минтақавию ҷаҳониро, ки ҳоло бо мавзӯи Афғонистон сарукор доранд, инкор намекунам. Дар доираи СПАД дар бораи вазифаҳои дарпешистода фаҳмиши ягона вуҷуд дорад. Бо дастури сарони давлатҳо дар ҳамаи ин соҳаҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои махсуси СПАД, дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, котибони шӯроҳои амният муколамаи доимӣ сурат мегирад”, – илова кардааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар доираи СПАД рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шуда, барномаи ҳадафноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон қабул ва дар атрофи Афғонистон “камарбанди амният” ташкил карда шавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.