Кумитаи ҷавонон ба бинои собиқи Вазорати молия кӯчид

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар ба бинои собиқи Вазорати молияи Тоҷикистон, ки дар кӯчаи академикҳо-Раҷабовҳои пойтахт ҷойгир аст, кӯчидаанд.

Дар хабарномае, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар сомонааш  нашр кардааст, гуфта мешавад, ки фармоиши ҳукумати дар ин бора 30 декабри соли 2021, таҳти рақами 104-ф ба имзо расида, тибқи он “бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода минбаъда ба тавозуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии гузаронида шудааст”.

– Дар робита ба ин, макон ва суроғаи фаъолияти минбаъдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз кӯчаи Спортивная 6, ноҳияи Сино ба кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо 3, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе- собиқ бинои Вазорати милия Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд”,-омадааст дар хабарнома.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бинои ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои хориҷӣ ҷойгир аст, бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ба бинои пешини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки дар кӯчаи  Спортивная 6-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, зерсохторҳои ин ниҳод- муассисаҳои давлатии Маркази тайёрии олимпӣ ва Маркази методии Кумита мустақар хоҳанд шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...