14 рӯз карантини хонагӣ: Баъди “Омикрон” Тоҷикистон назорати равуо ба Ӯзбекистонро ҷиддитар кард

Ба далели хуруҷи штамми нави "Омикрон"-и коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, Тоҷикистон назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистонро пурзӯр кард. Ба иттилои Маркази беҳдоштӣ (СЭС)-и вилояти Суғд ҳамакнун аз мусофирону меҳмонон бо вуҷуди доштани ташхиси ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, дар гузаргоҳҳо ҳатман ташхиси молишак (мазок) аз гулӯ ва бинӣ мегиранд. Таҳмина Усмонова, сардори Маркази беҳдоштии вилояти […]

Ба далели хуруҷи штамми нави "Омикрон"-и коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, Тоҷикистон назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистонро пурзӯр кард. Ба иттилои Маркази беҳдоштӣ (СЭС)-и вилояти Суғд ҳамакнун аз мусофирону меҳмонон бо вуҷуди доштани ташхиси ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, дар гузаргоҳҳо ҳатман ташхиси молишак (мазок) аз гулӯ ва бинӣ мегиранд.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ташхиси молишак аз гулӯ ва бинӣ дар гузаргоҳҳои марзии миёни Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ҳатмӣ шуд.

Вай афзуд, бояд, мусофирону меҳмонон баъди ба вилояти Суғд ворид шудан 14-рӯз дар карантини хонагӣ бимонанд ва ниқоби тиббӣ пӯшанд. Қаблан ин марказ танҳо бо ташхиси ПСР -тести манфии сироят аз коронавирус ба мусофирон иҷозаи вуруд медод ва  касоне, ки ПСР надоштанд ташхис мекард.

“Ҳоло аз ҳамаи мусофироне, ки аз марз мегузаранд новобаста аз он ки натиҷаи ташхиси ПСР доранд ё надоранд ташхиси молишак аз гулӯ ва бинӣ барои дарёфти саривақтии беморӣ ва муайян кардани таҳлил гирифта истодаем. Дар дигар давлатҳо беморӣ бисёр шуд, мо ҳам аз эҳтимол дур нестем”,- гуфт Таҳмина Усмонова

Омикрон дар Ӯзбекистону Қирғизистон ду ҳамсояи  Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ӯзбекистон низ сар аз 15-уми январ баъди сабти вируси нав ба мусофирони хориҷӣ талаботи нави вуруд ба ин кишварро ҷорӣ кард.

Сахтар шудани назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ дар ҳолест, ки ба далели арзонтар будани нархи чиптаи ҳавопаймо дар кишвари ҳамсоя ҳамарӯза ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Ӯзбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебаранд.

Ҳафтаи гузашта Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло дар ҷумҳурӣ ё вилоят штами омикрон сабти ном нашудааст. Аммо ӯ афзуд, “эҳтимолияти сироятёбӣ хело зиёд аст”.

Бино ба гуфти ӯ, дар як шабонарӯз аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандон тариқи се гузаргоҳи марзии байни Ӯзбекистон ва фурудгоҳи Хуҷанд аз хориҷи кишвар вориди вилояти Суғд мешаванд, ки дар аксари ин кишварҳо штами омикрон ошкор шудааст.

“Аз ин рӯ дар вилояти Суғд эҳтимоли воридшавии беморӣ зиёд аст. Ин вирус душмани ноаён аст. Баъзе вақт бенишона ворид мешавад. Ё ҳамон вақт молишак мегиред мусбат нишон медиҳад, баъди ду рӯз таб пайдо мешавад. Мо ҳоло эҳтимолияти сироятёбиро пешгирӣ мекунем. Аз шаҳрвандон илтимос ва эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки саривақт ваксина гиранд ва ягона роҳи пешгирӣ ин ваксинатсия аст”.

Ҳарчанд ниҳодҳои тандурустӣ ошкоро дар мавриди пайдо шудани вируси навъи Омикрон дақиқан чизе намегӯянд, аммо дар ин шабу рӯз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз натиҷаҳои мусбати ташхиси ПСР-и худ нигаронӣ мекунанд.

Маркази беҳдоштӣ (СЭС)-и вилояти Суғд чанд рӯз пештар дар як муроҷиатномаи худ аз эҳтимоли афзоиши хурӯҷи бемориҳои роҳи нафас, зуком дар фасли сармо нигаронии амиқ карда гуфта буд, “фаҳмидани он ки кӣ гирифтори омикрон ва кӣ аз делта аст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ғайриимкон аст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.