Роҳи Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тармаҳо муваққатан баста аст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тармаҳо, ки айни замон ба тозакунии онҳо машғуланд, то ҳол баста аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст.

“Кормандони IRS оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд. Мо ҳамаҷониба кӯшиш карда истодаем, ки оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, ҳамин рӯз роҳро боз кунем”, – гуфт манбаъ аз ширкат.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯз дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр аз роҳ тоза шудаанд.

Гуфта мешавад, кормандони филиал дар минтақаи Зарафшон ба ронандагон ва мусофироне, ки дар ин ҷо қарор доштанд, дар робита ба муваққатан басташавии роҳ хӯрокворӣ тақсим кардаанд.

“Шаҳрвандоне ҳастанд, ки вақте роҳ ба хотир амнияти онҳо баста мешавад, изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки чун роҳ пулакӣ аст, бояд ҳамеша кушода бошад. Мо ҳам ҷонибори онем, ки автомшаинаҳо озодона дар ҳаракат бошанд. Лекин офатҳои табиӣ баъзан ба ин кор монеъа эҷод мекунанд. Раҳбарияти IRS бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки то эълони боз шудани роҳ ва ба хотири бехатарии худи онҳо, аз сафар худдорӣ кунанд”, – изҳор доштанд дар филиали IRS.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...