Дар Тоҷикистон аз чор як ҳиссаи маош барои хидматрасониҳои коммуналӣ сарф мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон 24,7%-и музди меҳнати худро ба пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ аз қабли истифодаи барқу об ва баровардани партов сарф мекунанд. Агар алоқаву интернет ва нақлиётро ҳам ба ҳисоб гирем, хароҷот боз якчанд фоизи дигар афзуда, метавонад нисфи пулҳои коркардаро дар давоми моҳ ташкил диҳад.

Пойгоҳи онлайнӣ дар бораи шароит ва сатҳи зиндагӣ дар ҷаҳон – Numbeo аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 маълумоташро нав кард. Мувофиқи ин маълумот, сокинони Тоҷикистон барои хидматрасониҳои коммуналӣ ба ҳисоби миёна 375,23 сомонӣ (33,2 доллар бо қурби рӯзи 18 январи соли 2022) пардохт мекунанд. Дар асл ин рақам дар байни 225-600 сомонӣ (20-53 доллар) чарх мезанад.

Ба хидматрасониҳои коммуналӣ пардохти маблағи истифодаи барқу об ва баровардани партовҳо дохил мешавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, музди меҳнати миёнаи расмӣ ба 1520,6 сомонӣ (134,62 бо қурби рӯзи 18 январи соли 2022) баробар аст.

Ба ин тариқ, барои пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ сокинони Тоҷикистон қариб чоряк ҳиссаи маоши худ – 24,7%-ашро сарф мекунанд. Ин нишондиҳандаи баландтарини дар паҳнои пасошӯравӣ аст.

Дар Қирғизистон хароҷот ба хидматрасониҳои коммуналӣ 37,8 доллар (17% аз маоши миёна), Ӯзбекистон – 32 доллар (13%) ва Қазоқистон – 48,29 доллар (7,52%) аз маошро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар дигар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба хидматрасониҳои коммуналӣ аз 10 то 15%-и маош сарф мешавад.

Зимни таҳқиқот таҳлилгарон арзиши хидматрасониҳои коммуналӣ (барқу гармидиҳӣ, таъминот бо об, баровардани партов) дар хонаи масоҳаташ 85 метри мураббаъ дар пойтахти кишварҳоро арзёбӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 1928 дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи пардохти пули манзил ҷорӣ шуд. Таърифаҳо солҳои тӯлонӣ тағйир наёфта, шаҳрвандон барои хидматрасониҳои коммуналӣ аз 5 то 10%-и маошашонро харҷ мекарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...