Ораш Алоӣ: аз антибиотикҳо ва доруҳои зиддивирусӣ алайҳи Омикрон истифода накунед

Доктор Ораш Алоӣ, коршиноси риштаи вирусшиносӣ ба мардуми Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки  барои табобати бемории корнавирус аз ҷумла, навъи ҷадиди он «Омикрон» аз доруҳои анибиотикӣ ва зиддивирусӣ истифода набаранд, чун ҳеҷ дармоне намебахшанд. Ин коршинос дар ҳоле чунин тавсия медиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон зукоми мависимӣ дар гардиш аст ва тавре мутахассисон ҳадс мезананд навъи ҷадиди «Омикрон» низ ба […]

Доктор Ораш Алоӣ, коршиноси риштаи вирусшиносӣ ба мардуми Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки  барои табобати бемории корнавирус аз ҷумла, навъи ҷадиди он «Омикрон» аз доруҳои анибиотикӣ ва зиддивирусӣ истифода набаранд, чун ҳеҷ дармоне намебахшанд.

Ин коршинос дар ҳоле чунин тавсия медиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон зукоми мависимӣ дар гардиш аст ва тавре мутахассисон ҳадс мезананд навъи ҷадиди «Омикрон» низ ба зуком шабоҳат дошта, бархе мардум баъди натиҷаи мусбати ташхисҳояшон ба худдармонӣ машғул шуда, бо антибиотикҳо табобат мекунанд.

Ораш Алоӣ дар суҳбат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ниёзе ба гирифтани ҳеч доруи антибиотикӣ ва зидди вирусӣ нест, чун, барои табобати ин навъи ҷадид ҳеҷ антибиотике асар намекунанд. 

«Дар ҳолати тасф доруи «паратсетамол» ва доштани сулфа дору барои сулфаро истъмол намоянд. Дар ҳолате, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷаит намоянд», – гуфт Алоӣ.

Ӯ гуфт, ки навъи ҷадиди  «Омикрон» бо шиддат паҳн мегарданд ва нафароне, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ, дарунравӣ, резиши оби бинӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷиат намоянд. 

«Ҳар фарде, ки чунин нишонаҳоро дар худ эҳсос мекунанд, новобаста аз он, ки аз ташхис гузаштааст ё на, ба шифохона муроҷиат намед. Онҳое, ки ин нишонаҳоро сабук доранд дар хона бимонанд»,-мегӯяд ӯ. 

Ҳамзамон ин пизишк тавсия медиҳад, ба ҷуз бастани ду ниқоб, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ, шустани дастон ва зуд-зуд ҳавои хонаро тоза кардан, сокинон ҳамчунин бояд ҳатман ду воя ваксина бигиранд, ки роҳи асосоии пешгирии беморист, чун ин навъи ҷадид хеле сареъ паҳн мегардад.

«Агар шахсоне, ки воксан назадаанд, ҳарчи сареътар рафта воксан бизанан ва омодагии худро барои бори севвум гирифани воксан бигиранд», тавсия медиҳад коршинос.

Бояд гуфт, ки доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.