Мунтахаби футзали бонувони Қирғизистон ба Душанбе тариқи Тошканд омаданд

Тими миллии футзали бонувони Қирғизистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2022 вориди Тоҷикистон шудааст. Ин чемпионат миёни бонувон аз 19 то 29-уми январ барпо мешавад ва барои иштирок дар он мунтахаби Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Душанбе даъват шудаанд. Иттиҳодияи футболи Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, ки дастаи мунтахаби занони футзали ин кишвар тариқи транзит, тавассути Тошканд […]

Тими миллии футзали бонувони Қирғизистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2022 вориди Тоҷикистон шудааст. Ин чемпионат миёни бонувон аз 19 то 29-уми январ барпо мешавад ва барои иштирок дар он мунтахаби Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Душанбе даъват шудаанд.

Иттиҳодияи футболи Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, ки дастаи мунтахаби занони футзали ин кишвар тариқи транзит, тавассути Тошканд барои ширкат дар мусобиқаи байналмиллалии CAFA Women's Futzal Championship вориди Душанбе шудааст.

Иттиҳодия гуфтааст, дар чемпионати Душанбе тимми миллли бонувони футзали Қирғизистон бо ду дарвозабон ва 11 бозингар ширкат мекунад. 

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати CAFA-2022 аз рӯйи футзал миёни тимҳои миллии бонувон аз 19 то 29-уми январ дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки се ҳазор ҷойи нишаст дорад, сурат мегиранд. Ин аввалин мусобиқа дар соли ҷорӣ аст, ки таҳти сарпарастии  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад чаҳор дастаи мунтахаби миллии Тоҷикситон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои дарёфти унвони чемпионӣ рақобат мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистонро сармураббӣ Шамшод Ниятбеков роҳбарӣ мекунад.  

Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар ниҳоят дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.