Ба Тоҷикистон боз 1 млн воя воксинаи “Moderna”-и амрикоӣ оварда шуд

Дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”, 17 январ ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд, хабар медиҳад намояндагии “UNICEF” дар Тоҷикистон, дар саҳифаи худ дар “Facebook”. Гуфта мешавад, ин аввалин мавриди ворид кардани воксин алайҳи COVID-19 ба Тоҷикистон  дар соли 2022 аст. "Мо ба шарикони худ барои талошҳои пайвастаашон дар […]

Дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”, 17 январ ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд, хабар медиҳад намояндагии “UNICEF” дар Тоҷикистон, дар саҳифаи худ дар “Facebook”.

Гуфта мешавад, ин аввалин мавриди ворид кардани воксин алайҳи COVID-19 ба Тоҷикистон  дар соли 2022 аст.

"Мо ба шарикони худ барои талошҳои пайвастаашон дар таъмини дастрасии баробар ба воксинаҳои зидди коронавирус ба шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос мекунем", – омадааст дар изҳороти намояндагӣ.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар кишвар бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар ҷумҳурӣ 68,6 фоизи аҳолии аз 18-сола боло вояи якуми ваксина ва 57 фоиз вояи дуюмро гирифтаанд.

Шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар кишвар 17,95 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 124 нафар фавтидаанд.

Ду ҳафтаи охир шикоятҳо дар мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон зиёд садо  медиҳад ва бархе шаҳрвандон ташхиси мусбии тести коронавируси худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Вазорати тандурустии кишвар мавҷудияти COVID-19-ро дар кишвар рад мекунад, вале аз ҷониби дигар чораҳои беҳдоштӣ ва назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро сахттар менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.