Панҷ мошин аз “Лексус-350” то “Тойота-Камри”-ро гирифтаву пулашонро бар нагардонидааст

Date:

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде хабар медиҳад, ки аз як сокини Душанбе панҷ автомашинаи гаронбаҳои хориҷиро гирифтаву пулашонро бар нагардонидааст.  

ВКД, ки ному насабаи боздоштшударо расонаӣ накардааст, аз ӯ як сокини 42-солаи ноҳияи Айнӣ ном бурда ва гуфтааст, ки бо гумони қаллобӣ дастгир шуд.

"Номбурда, моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ панҷ автомашинаи тамғаҳои “Тойота-Камри”, 2-адад “Лексус-350”, “Хендай-Саната” ва “Тойота Версо”-ро ба маблағи 775 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст".

Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки ду ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро бо гумони дуздии  молу ашёи рӯзгори як зани 24-солаи ин шаҳр низ боздошт кардааст.

Ба навиштаи торнамои ин ниҳод, нафараони боздоштшуда аз пештар, яке  бомоддаҳои 244 ва 365 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон ва дигаре бо моддаи 244 суд шуда будаанд. Ин ниҳоди зарари расида аз ин амалро 26 ҳазору 280 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...