Панҷ мошин аз “Лексус-350” то “Тойота-Камри”-ро гирифтаву пулашонро бар нагардонидааст

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде хабар медиҳад, ки аз як сокини Душанбе панҷ автомашинаи гаронбаҳои хориҷиро гирифтаву пулашонро бар нагардонидааст.   ВКД, ки ному насабаи боздоштшударо расонаӣ накардааст, аз ӯ як сокини 42-солаи ноҳияи Айнӣ ном бурда ва гуфтааст, ки бо гумони қаллобӣ дастгир шуд. "Номбурда, моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии […]

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде хабар медиҳад, ки аз як сокини Душанбе панҷ автомашинаи гаронбаҳои хориҷиро гирифтаву пулашонро бар нагардонидааст.  

ВКД, ки ному насабаи боздоштшударо расонаӣ накардааст, аз ӯ як сокини 42-солаи ноҳияи Айнӣ ном бурда ва гуфтааст, ки бо гумони қаллобӣ дастгир шуд.

"Номбурда, моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ панҷ автомашинаи тамғаҳои “Тойота-Камри”, 2-адад “Лексус-350”, “Хендай-Саната” ва “Тойота Версо”-ро ба маблағи 775 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст".

Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки ду ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро бо гумони дуздии  молу ашёи рӯзгори як зани 24-солаи ин шаҳр низ боздошт кардааст.

Ба навиштаи торнамои ин ниҳод, нафараони боздоштшуда аз пештар, яке  бомоддаҳои 244 ва 365 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон ва дигаре бо моддаи 244 суд шуда будаанд. Ин ниҳоди зарари расида аз ин амалро 26 ҳазору 280 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.