Шералӣ Кабир ба сармоягузорон бобати захираҳои ғании табиии Тоҷикистон маълумот дод

Саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳоинави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишаст тариқи видеоконфронс, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақавӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳоинави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишаст тариқи видеоконфронс, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақавӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ баргузор намуд.

“Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд”, – иброз дошт вазир.

Тавре ки бахши котиботи Вазорат хабар медиҳад, нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии беш аз 95 кишвари ҷаҳон  ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ намуданд. Дар нишасти мазкур вазирони саноат аз  31  давлати хориҷӣ иштирок варзиданд.

“Саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад, – гуфт ӯ. – Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ заминагузорӣ гардида буд, аз замоне, ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд”.

Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ  саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд.

Коршиносони хориҷии ҳуқуқдон, ки фазои тиҷоратии ИДМ-ро меомӯзанд, бар ин назаранд, ки қонунгузории ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, то барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо ҷиҳати ҳифзи сармоягузорӣ ва фаъолияти тиҷоратии онҳо шароити беҳтар муҳайё карда шавад.

Ҳамчунин дар нишаст, ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.

Дар хотима Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омода аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 37 корхона ба истихроҷ ва коркарди конҳо машғуланд, ки аксарияти онҳо аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ таъсис дода шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.