Тоҷикистону Туркия дурнамои ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Вазорати мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия 18 январ вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо вазири ин ниҳод Хулуси Акар доир гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Аз дигар ҷузъиёт ва масоили матраҳшуда дар ин мулоқот маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки имсол ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия 30 сол пур мешавад. Дар ин давра байни кишварҳо зиёда аз 65 созишномаву ёддошт ва дигар аснод ба имзо расидааст.

Тоҷикистону Туркия дар солҳои наздик ният доранд, ки тавассути роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 1 млрд доллар расонанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия ҳудуди 354 млн долларро ташкил додааст, ки 21,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Туркия 212 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Туркия ба Тоҷикистон каме бештар аз 142 млн долларро ташкил додааст.

Туркия яке аз кишварҳои камшумори шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, ки ҷумҳурӣ бо он тавозуни мусбати савдои дуҷониба дорад, яъне содирот аз воридот бештар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.