Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд: аммо ҳоло аз як тараф

Ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" дигарбора оғоз шуд, аммо ҳоло танҳо аз як масир, аз масири Хуҷанд ба сӯйи Душанбе ба мошинҳо иҷоза дода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ширкати IRS иттилоъ доданд. Дар ширкат гуфтанд, ки пас аз ду соат аз самти Душанбе ба масири Хуҷанд низ иҷоза дода мешавад. "Ҳаракати мошинҳо ду […]

Ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" дигарбора оғоз шуд, аммо ҳоло танҳо аз як масир, аз масири Хуҷанд ба сӯйи Душанбе ба мошинҳо иҷоза дода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ширкати IRS иттилоъ доданд.

Дар ширкат гуфтанд, ки пас аз ду соат аз самти Душанбе ба масири Хуҷанд низ иҷоза дода мешавад.

"Ҳаракати мошинҳо ду соат аз тарафи Душанбе ва ду соат аз тарафи Хуҷанд бо навбат иҷоза дода мешавад", – изҳор доштанд дар ширкат.

Таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи обуҳаво пас аз соати 7 шояд ҳаракат дар ин масир масдуд карда шавад.

Зикр бояд кард, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд. Ҳамин тариқ, баъди зуҳри дирӯз, 18 январ ширкати  “IRS” хабар дод, ки роҳ аввал аз як ҷониб аз Хуҷанд ба Душанбе ва баъди чанде аз Душанбе ба Хуҷанд пурра боз шуд.

Гуфта мешуд, ки дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр фаромадааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.