Амрико ба Тоҷикистон гуфт, чархболҳоро ба “Толибон” надиҳед

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон, ки пас аз расидани “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар тоҷикистон мамнӯъ) ба қудрат дар Кобул ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд, бозпас дода намешавад. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати дифои Амрико Ҷон Карбӣ, рӯзи 18-уми январ дар нишасти матбуотие гуфтааст.  Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як ҳафта пеш […]

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон, ки пас аз расидани “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар тоҷикистон мамнӯъ) ба қудрат дар Кобул ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд, бозпас дода намешавад. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати дифои Амрико Ҷон Карбӣ, рӯзи 18-уми январ дар нишасти матбуотие гуфтааст. 

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як ҳафта пеш иҷрокунандаи вазири мудофиаи “Толибон” Муҳаммад Яъқуб аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон талаб карда буд, ки ин чархболҳо бояд баргардонида шаванд.

Ҷон Карбӣ дар масъалаи тақдири ояндаи чархболҳо гуфтааст, ки ҳанӯз сари ин мавзуъ кор мекунанд ва онҳо ба Афғонистон фиристода намешаванд, то аз ҷониби Толибон истифода шаванд.

Ӯ дар мавриди он ки дар ниҳоят чӣ коре анҷом медиҳанд ва ин чархболҳо ба куҷо мераванд, танҳо гуфтааст, ки баррасиҳо идома дорад.

Як ҳафта пеш Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб дар мавриди баргардонидани чархболҳо гуфта буд, ки намегузоранд, ки ин чархболҳо дар хориҷа бимонанд ва ё аз ҷониби ин кишварҳо истифода шаванд.

Ӯ Тоҷикистону Ӯзбекистонро огоҳ карда буд, ки агар онҳо чархболҳоро барнагардонанд, ба оқибатҳояш дучор хоҳанд шуд ва набояд дар ин маврид сабр ва таҳаммули афғонҳоро озмоиш кунанд.

Баҳси чархболу тайёраҳо миёни ҳукумати Толибон ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистонаш ҳанӯз пас аз чанд рӯзи расидани толибон ба қудрат дар Кобул оғоз шуда буд. Дар оғози моҳи декабр хабаргузории "Фарғона" хабар дода буд, ки Ӯзбекистон чанде аз чархболу ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонидааст.

Сухан аз чархболҳову тайёраҳои низомие меравад, ки баъди ба дасти Толибон афтидани Кобул бархе аз халабонҳои низомии Афғонистон чархболҳоро аз Афғонистон парвоз дода, ба Тоҷикистону Ӯзбекистон оварданд.

Инъомуллоҳ Самангони, сухангӯйи толибон ба “Тулуънеюс” гуфтааст, ки гуфтушуниди онҳо бо кишварҳои ҳамсоя барои баргардонии 40 чархбол аст. Аммо ҳоло маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин чархболҳо дар Тоҷикистон асту чӣ миқдоре дар Ӯзбекистон.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар 18-уми августи соли 2021 ба “Азия-Плюс” оварда шудани ин чархболҳоро ба Тоҷикистон таъйид карда буд ва гуфта буд, ки аксари ин чархболҳо низомиянд. Аммо сафир гуфта буд, ки теъдоди дақиқашро намедонад.

Мақомоти расмии Тоҷиикистон то кунун расман дар бораи ин чархболҳо чизе нагуфтаанд ва талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани назари ҷониби Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Хабаргузории “Ройтерз” чанде пештар хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Амрико хостаанд, ки ин чархболҳо дар кишварҳояшон бимонанд, вале маълум нест, ки ИМА чӣ посухе додааст.

Дар замони суқути Кобул наздик ба 150 халабони низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳанда шуда буданд, ки баъди чанд вақти иқомат дар Тоҷикистон, онҳо аз сӯйи Амрико ба кишвари сеюм мунтақил шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.