Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон 650 ҳазор воя ваксинаи “Модерна” оварда шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат  чанде қабл дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи грантии ТЕС-19-и Бонки умумиҷаҳонӣ ва бо мусоидати механизми COVAX ба Тоҷикистон 650 ҳазору 400 воя ваксинаи “Модерна” ворид гардид.

Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин иқдом бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) анҷом дода шуд.

Вазорат хотиррасон менамояд, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

То санаи 20 январи соли равон беш аз 4 млн 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 млн 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар зарур аст.

Бо назардошти дар саросари дунё зуҳур намудани штамии нави коронавирус – “омикрон”, ки аллакай дар кишварҳои ҳамсоя расман сабт шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба бозэмкунӣ ё реваксинатсияи аҳолӣ шурӯъ намуданд.

Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирус аз 5 навъи ваксинаҳо истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Қаблан дар як маводи “Азия-Плюс” зикр шуд, ки аз охири моҳи декабри соли гузашта дар саросари Тоҷикистон як зуком (грипп)-и аҷиб паҳн мешавад, дар озмоишгоҳҳо даҳҳо ҳолати коронавирус ошкор шуда, табибон дар бораи аломатҳои штамми “Омикрон” ҳарф мезананд, лекин Вазорати тандурустӣ мавҷудияти вирусро дар кишвар рад мекунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гирифтор шуданашон ба сирояти коронавирус ва натиҷаи мусбат нишон додани тесташон маълумот медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...