Кордкашии прапоршику лейтенант: парвандаи корманди Кумитаи фавқулода ба додгоҳ рафт

Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи прапоршик Шоҳрух Сангалиевро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок аст, муттаҳам мешавад. Бар пояи иттилои сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон, бар […]

Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи прапоршик Шоҳрух Сангалиевро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок аст, муттаҳам мешавад.

Бар пояи иттилои сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон, бар зидди прапоршик 23-сола Шоҳрух Сангалиев  дар асоси қисми 1 моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок  аст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

“Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст”, – гуфта мешавад,  дар хабари додситонӣ.

Манбаъ мегӯяд, 16 августи соли 2021 тахминан соати 19:30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, байни Сангалиев ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми муноқиша Сангалиев бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, ки барои ҳаёт хавфнок аст, расонидаааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, прапоршикро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста, маҳкум карда ва парвандаро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристодааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Боздошти як марди 36-сола бо гумони куштори раиси маҳаллае дар ноҳияи Деваштич

Мақомоти корҳои дохилӣ аз боздошти як марди 36-сола хабар доданд, ки ба куштори раиси як маҳалла дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.