Толибон: Иттиҳоди Аврупо сафораташро дар Кобул дубора боз кардааст

Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо сафораташро дар Кобул бозкушоӣ кардааст. Ҳадафи бозкушоии сафорати Иттиҳоди Аврупоро Толибон бо ҳадафи ҳузури доимӣ унвон кардаанд. Сухангӯйи ин вазорат, Абдулқҳор Балхӣ дар сафҳаи Твиттараш навиштааст, ки фаъолияти дубораи сафорати Иттиҳодия Аврупо пас як силсила дидорҳо ва тафоҳум бо намояндҳагон ин иттиҳодия, оғоз шудааст.    Балхӣ ҳамчунон гуфтааст, ки ин […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо сафораташро дар Кобул бозкушоӣ кардааст. Ҳадафи бозкушоии сафорати Иттиҳоди Аврупоро Толибон бо ҳадафи ҳузури доимӣ унвон кардаанд.

Сухангӯйи ин вазорат, Абдулқҳор Балхӣ дар сафҳаи Твиттараш навиштааст, ки фаъолияти дубораи сафорати Иттиҳодия Аврупо пас як силсила дидорҳо ва тафоҳум бо намояндҳагон ин иттиҳодия, оғоз шудааст. 

 
Балхӣ ҳамчунон гуфтааст, ки ин созмон бар иловаи кумаки қаблии 220 миллион евро, ҳамчунин 268 миллион евро кӯмаки башардӯстонаи дигарро низ эълом намуда, ки як бахш аз он барои пардохти маоши омӯзгорон ҷудо шудааст.
 
Аммо Иттиҳодияи Аврупо то кунун дар ин бора вокуниши расмии накардааст.
 
Хабари бозкушоии сафорат дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо чанд рӯз қабл эълом кард, ки ин иттиҳодия чандин лоиҳаро ба арзиши 268.3 миллион евро барои ҷилавгирӣ аз ваҳимтар шудан вазъиятҳ иқтисодӣ ва башарӣ дар Афғонистон, роҳандозӣ кардааст. 
 
Гуфта шудааст, ки ин лоиҳаҳоо дар бахшҳои омӯзиш, тандурустӣ ва пуштибонӣ зиндагии мардуми Афғонистон татбиқ мешаванд.

Бозкшоии сафоратхонаҳо ва ниҳодҳои миллӣ ва байналамлли дар Афғонистон пас аз тасарруфи ҳукумат аз сӯйи Толибон як муваффақияти дипломатӣ ҳисобида мешавад, ки Толибон онро навъе аз ба расмият шиyохтани ҳукумати худ медонанд. 

Ҳукумати Толибон баъди тасарруфи Кобул, ки наздик ба 6 моҳ мерасад, ба дунболи касби машруъият аст. Аммо то кунун ҳеч кишваре ҳукумати толибонро, ҳатто кишварҳои ҳомии ин гурӯҳ ба расмият нашинохтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.