Ҳабси сокини пойтахт барои дар саҳни ҳавлӣ аз мӯйи сар кашола кардани ҳамсараш

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пулиси Душанбе як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои озори ҳамсараш ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардааст. Аз ин мардд Солеҳ Сафарзода ном бурда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Солеҳи Сафарзода бошандаи кӯчаи Борбади пойтахтро сокинони кӯчаи мазкур барои пайваста мавриди хушунат ва озор қарор додани ҳамсараш гирифта ба мақомоти пулис овардаанд. 

 Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Сафарзода  бо рафтори авбошонаи худ мунтазам даст ба озори ҳамсараш мезадааст.

«Аз ҷумла, шаби 23 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 20.00 дақиқа бо ҳамсараш муноқиша намуда, баъди таҳқиру дашном дар саҳни бинои истиқоматӣ аз мӯйи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст», – меорад дар як хабарнома РВКД.

Дар натиҷа, нисбат ба шаҳрванд Сафарзода Солеҳ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд, мегӯяд пулис.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...