Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукуматро “Дар бораи ба дигар рӯзҳои кории соли 2022 гузаронидани рӯзҳои истироҳат” шарҳ доданд. Мувофиқи ин қарор, соли 2022 рӯзи 5 март (шанбе) корӣ эълон шуда, рӯзи истироҳат ба душанбе, 7 март гузаронида мешавад. Ба ин тариқ, рӯзи 19 март (шанбе) корӣ шуда, истироҳат дар ин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қарори ҳукуматро “Дар бораи ба дигар рӯзҳои кории соли 2022 гузаронидани рӯзҳои истироҳат” шарҳ доданд. Мувофиқи ин қарор, соли 2022 рӯзи 5 март (шанбе) корӣ эълон шуда, рӯзи истироҳат ба душанбе, 7 март гузаронида мешавад. Ба ин тариқ, рӯзи 19 март (шанбе) корӣ шуда, истироҳат дар ин рӯз ба 25 март (ҷумъа) гузаронида мешавад.

– Ин имкон медиҳад, ки пай дар пай омадани рӯзҳои корӣ ва истироҳати ҳафта вобаста ба рӯзҳои ид – 8 март ва 21-24 март, ки тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” муқаррар шудаанд, таъмин карда шавад”, – шарҳ медиҳад Вазорати меҳнат.

Ин ниҳод ҳамчунин зикр мекунад, ки тағйирёбии рӯзҳои корӣ ва истироҳат ба кормандоне дахл хоҳад дошт, ки ҳафтаи кории онҳо 5 рӯзро ташкил медиҳад.

Дар сурати пайдо шудани саволу нофаҳмиҳо доир ба ин масъала ташкилоту корхонаҳо метавонанд ба шахси масъули Вазорат бо рақами телефони 2-36-89-27 муроҷиат кунанд.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ин масъаларо як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 идҳои гуногун бо шумули идҳои байнулмилаливу касбӣ, давлатӣ ва динӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.